Воаллейкум ассалом Мария!
Синну соле, ки барои ҳайзи аввал (менархе) муқаррарӣ ҳисобида мешавад, 12-14 сол аст. Инчунин бояд қайд кард, ки намояндагони насли муосир метавонанд давраи худро барвақттар - дар синни 10-солагӣ пайдо кунанд. Зуҳури балоғат хеле барвақт (то 8 сол) ё дер (баъди 15 сол) сабаби боздид ба духтури занона (гинеколог) аст, зеро он метавонад патологияҳои гуногунро нишон диҳад.
Дар духтарон ва занони солим ҳайз аз 3 рӯз то як ҳафта давом мекунад. Оғози давра аз рӯзи фарорасии ҳайз ҳисоб карда мешавад ва метавонад аз 21 то 35 рӯз бошад. Дар 70% духтарони ҷавон, давраи пас аз ҳайз дар аввал номунтазам буда метавонад ва дар давоми як сол муқаррар карда мешавад.
Саломат бошед!