Воаллейкум ассалом! Пас аз мондани спирал дард дар поёни шикам метавонад чанд муддат, 1-3 моҳ идома ёбад. Дар ин давра Шумо метавонед доруҳои зидди илтиҳобии ғайристероидӣ истифода баред. Бо спирали дорои мис, ҳайз метавонад зиёд шавад, то он даме, ки спиралро хориҷ кардан лозим меояд. Агар пас аз 3 моҳ дард ва хунравӣ қатъ нашаванд, Шумо метавонед спиралро хориҷ кунед.
Саломат бошед!