Воаллейкум ассалом!
Пардаи бакоратӣ - дар холигии узвҳои таносул, на дуртар аз даромадгоҳи маҳбал ҷойгир аст. Ҷойгиршавии он барои ҳар як духтар инфиродӣ аст, бинобар ин, бидуни дониши махсус муайян кардани мавҷудият ё набудани он хеле душвор аст. Андоза, намуди зоҳирӣ, шакл, ғафсӣ, зичии пардаи бакоратӣ барои ҳар як духтар инфиродӣ аст, бинобар ин, таҳаммулпазирии вайрон кардани тамомияти он - кандашавӣ ҳангоми алоқаи аввалини ҷинсӣ барои ҳама гуногун аст, метавонад камтар хун шавад, метавонад тамоман хун нашавад. Шумо метавонед дар машварат бо духтури занона (гинеколог) ҷавоби дақиқтар гиред.
Саломат бошед!