Воаллейкум ассалом Оиша! Мавҷудияти хун метавонад харошиданро дар тамомияти пӯст ё луобпардаҳо нишон диҳад. Зарари пардаи бакоратӣ низ имконпазир аст. Эҳтимол дорад, ки пардаи бакоратӣ пурра наканда, балки даридаи канорӣ дошта бошад. Инчунин мумкин буд, ки он хуни боқимондаи ҳайз буд.
Аммо ин танҳо тахмин аст. Зимнан, бидуни донистани натиҷаи муоина гуфтан мумкин нест, ки сабаби хунравӣ чист. Аз ин рӯ, ман тавсия медиҳам, ки шахсан ба духтури занона (гинеколог) муроҷиат кунед.
Саломат бошед!