Воаллейкум ассалом Бону!
Байни басомади алоқаи ҷинсӣ ва ҳомиладорӣ ягон робита вуҷуд надорад. Бордоршавӣ метавонад пас аз як алоқаи ҷинсӣ рух диҳад. Эҳтимоли баландтарини ҳомиладорӣ ҳангоми овулятсия, ки дар ҳолати Шумо 11.04.24, инчунин рӯзҳои ҳосилхез аз 06.04.24 то 12.04.24 рух медиҳад.
Бояд қайд кард, ки ягона омиле, ки воқеан ба зиёд шудани имконияти бордошавӣ бомуваффақият мусоидат мекунад, ин фаъолияти мунтазами ҷинсӣ (на он қадар зуд-зуд ва на хеле кам) бо як шарик мебошад. Давомнокии алоқаи ҷинсӣ байни ҷуфти ҳамсарон метавонад хеле гуногун бошад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба фарорасии ҳомиладорӣ таъсир намерасонад.
Барои ба нақша гирифтани ҳомиладорӣ ва пешгирии нуқсонҳои модарзодии тифл, ба истеъмоли кислотаи фолий (фолиевая кислота) шурӯъ кунед.
Саломат бошед!