Оиди бемориҳои занона
Фатима
23.03.2024
Салом. Ман 32 сола, ду сол мешавад шавхар карданма 3 бор афтондам да руссия хастам анализом тоза бромад ягон таблеткае хаст ки истеъмол кунам барои фарзандор шудан?
Воаллейкум ассалом Фатима! Дар марҳилаи банақшагирии ҳомиладорӣ пас аз бачапартоӣ, ташхисҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- Санҷиши умумӣ ва биохимиявии хун;
- Санҷиши хун барои гормонҳо;
- Санҷиш барои сироятҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда;
- Ултрасадои узвҳои коси хурд барои муайян кардани патологияҳои эҳтимолии бачадон ва тухмдонҳо;
- Ултрасадои ғадудҳои болои гурдаҳо (узи надпочечников) ва ғадуди сипаршакл.
Пас аз муайян ва бартараф кардани сабаби бачапартоӣ, Шумо метавонед ҳомиладориро ба нақша гиред. Ҳангоми банақшагирии ҳомиладорӣ, Шумо бояд кислотаи фолийро (Фолиевая кислота) мувофиқи тавсияи духтури занонаи худ истеъмол кунед.
Саломат бошед!
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо