Воаллейкум ассалом Сумая!
Ихроҷи хун метавонад бо овулятсия алоқаманд бошад, аммо он инчунин метавонад патологияи эндометриро нишон диҳад. Баъзан санҷиш (тест) метавонад мусбати бардурӯғ бошад ё ҳомиладории биохимиявӣ вуҷуд дошта бошад. Дар ҳар сурат, беҳтар аст, ки ба духтури занона (гинеколог) муроҷиат кунед, санҷиши (тест) ҳомиладориро такрор кунед, боз як ултрасадо гузаронед ва барои hCG (ХГЧ) хун супоред.
Саломат бошед!