Воаллейкум ассалом Фотима!
Пардаи бакоратӣ дар даромадгоҳи маҳбал ҷойгир аст. Пардаи бакоратии ҳар духтар дорои сохтори инфиродӣ мебошад. Он метавонад хеле қавӣ бошад ва даромадгоҳи маҳбалро қариб пурра маҳкам кунад, танҳо якчанд сӯрохиҳо вуҷуд доранд, ки тавассути онҳо хуни ҳайз бароварда мешавад; ва баъзе духтарон шояд пардаи бакоратӣ тамоман надошта бошанд.
Ҳангоми ворид кардани нӯги ангушт ё баъзе ашё ба маҳбал осеб дидани пардаи бакоратӣ комилан имконпазир аст, аммо мушаххасан, бидуни муоинаи бевоситаи духтури занона (гинеколог) ба саволи шумо дар бораи дефлоратсия ҷавоб додан мумкин нест. Барои ин, Шумо бояд ба духтури занона (гинеколог) муроҷиат кунед ва аз муоина гузаред.
Саломат бошед!