Воаллейкум ассалом Меҳрона!
Фарқ кардан лозим аст, ки ин ихроҷ аз масона ё ихроҷ аз маҳбал аст. Агар он об аз масона равон бошад, пас ин ихроҷи пешоб аст. Аксар вақт, ин мушкилот як бемории мустақил нест, балки як зуҳури равандҳои патологии пайдоиши гуногун мегардад.
Секретсияи физиологии маҳбал як ихроҷи мӯътадили хоси микрофлораи солими маҳбал аст. Онҳо луобҳои консентратсияи гуногун мебошанд - аз моеъ то ғафс. Ранги - аз шаффоф то зарду сафед. Секретсяҳои маҳбал дар либоси таг доғҳои сафед мегузоранд, баъзан бо ранги каме зардтоб.
Агар Шумо миқдори зиёди ихроҷ дошта бошед, барои муайян кардани сабаб ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
Саломат бошед!