Ассалом алейкум Дилноза!
Сабабҳои асосии таъхири ҳайз - ҳомиладорӣ, стресс, тағирёбии вазн, менопауза ё истеъмоли баъзе доруҳо мебошанд. Бемориҳои гуногуни узвҳои репродуктивӣ ва дохилӣ низ метавонанд боиси таъхири ҳайз гардад. Агар давраи Шумо зиёда аз 10 рӯз оғоз нашавад, Шумо бояд ба духтури занона муроҷиат кунед.
Шумо бояд аз муоинаи духтури занона гузаред, шояд раванди илтиҳобии узвҳои таносул рух дода бошад. Танҳо ташхиси пурра ва ҷамъоварии таърихи ҳаёт метавонад сабаби таъхири ҳайзро муайян кунад ва табобати дурустро таъин кунад!
Саломат бошед!