Воалейкум ассалом! Сабабҳои асосии таъхири ҳайз - ҳомиладорӣ, стресс, тағирёбии вазн, менопауза ё истеъмоли баъзе доруҳо мебошанд. Бемориҳои гуногуни репродуктивӣ ва бемориҳои дигар узвҳои дохилӣ низ метавонанд боиси таъхири ҳайз гардад. Агар давраи Шумо зиёда аз 5 рӯз оғоз нашавад, Шумо бояд ба духтур муроҷиат кунед. Санҷиш (тест) метавонад шубҳанок бошад ё мӯҳлати истифодааш гузашта бошад, аз нав тафтиш кардан лозим аст. Дар ҳар сурат, Шумо бояд аз муоинаи пурраи гинекологӣ гузаред.
Саломат бошед!