Оиди бемориҳои занона
Насиба
28.01.2024
Ассалому алайкум! Ма бади 4 мох хомиладор шудам. Айни хол кудакам якуним моха мебошад, рузи 2 декабр рузи охирон касали бенамозим буд. 3 Руз мешавад кам кам хуни кариб сурхрангро мебинам, сабабаш да чи бошад оë имкон дорад ки хармох кариби числаи бенамозим бади хомиладорим хун бинам? Ягончоям дард намекунад илтимос чавоб дихед.
Воалейкум ассалом! Доғҳои хун дар аввали ҳомиладорӣ одатан аз сабаби тағирёбии табиии сатҳи гормоналӣ пас аз бордоршавӣ пайдо мешаванд. Агар ҳангоми ҳомиладорӣ ихроҷи хунолуд пайдо шавад, тавсия медиҳам, ки фавран ба духтури занона (гинеколог) муроҷиат кунед ва сабаби онро муайян кунед.
Саломат бошед!
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо