Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Салом.Барой хомила нашудан дору хурдан мумкин, дар холате кулаки ширдих дорам 1 Ду моха?

Ассалом Марям!

Синамаконӣ як усули хеле самараноки пешгирии ҳомиладорӣ аст, аммо танҳо дар сурати мавҷуд будани омилҳои зерин:

  • шумо ҳайзро аз сар нагузаронидаед (пас аз таваллуд);
  • кӯдак пурра шири сина мехӯрад;
  • кӯдак камтар аз 6 моҳа аст.

Агар ин омилҳо дар як вақт мавҷуд бошанд, эҳтимолияти ҳомиладорӣ камтар аз 2% аст.

Аз контрасептивҳои гормоналӣ ҳангоми синамаконӣ тавсия дода мешавад, ки танҳо доруҳои дорои прогестерон (minipill, Depo-Provera ё Norplant) истифода шаванд. Ин доруҳои гормоналӣ ба шири сина ба миқдори кам ҷудо мешаванд ва ба рушди кӯдаки навзод таъсири манфӣ намерасонанд.

Саломат бошед!


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

20.11.2026
USDUSD9.21TJSTJS
EUREUR10.13TJSTJS
RUBRUB0.11TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 2637
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 668
    Оиди бемории сил
  • 832
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 407
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 973
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 540
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 658
    Оиди бемориҳои занона
  • 234
    Оиди равоншиносӣ
  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2026 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.