Ассалом Адиба!
Сабаби асосии он, ки ҳангоми синамаконӣ ҳайз вуҷуд надорад, миқдори зиёди пролактин дар бадан аст. Ин гормон на танҳо барои истеҳсоли шир масъул аст, балки фаъолияти тухмдонҳоро низ пахш мекунад. Аз ин сабаб, тухм пухта намешавад ва дар натиҷа Шумо ҳайз намебинед. Овулятсия метавонад бидуни фарорасии ҳайз ба амал ояд, шумо метавонед дар вақти овулятсия ҳомиладор шавед.
Тибқи тавсияҳои кунунии Созмони Ҷаҳонии Тандурусти фосилаи пас аз таваллуд бояд аз 18 то 24 моҳ бошад. Муайян карда шудааст, ки: ҳомиладории камтар аз 12 моҳ пас аз таваллуд барои занони ҳама синну сол хатар дорад.
Саломат бошед!