Оиди бемориҳои занона
Аброр
04.12.2023
Салом. Чаро дар шармгохи зан сафедакхо пайдо мешавад аз чи бошад аз хунуки ё хамхобаги сабаб?? Аброр
Ассалом Аброр!
Бемориҳои асосӣ, ки метавонанд иҳроҷи атипикиро (иҳроҷи сафедро) ба вуҷуд оранд, инҳоянд:
- Кандидоз.
- Сироятҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда (масалан сузок (гонорея)).
- Вагинити ғайримуқаррарӣ.
- Бемориҳои илтиҳобии узвҳои коси хурд.
- Вагинозҳои бактериявӣ ва ғ.
Барои ташхиси дуруст, Шумо бояд аз муоинаи пурраи гинекологӣ гузаред ва аз таҳлилҳои мувофиқ гузаред.
Саломат бошед!
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо