Ассалом Сабоҳат!
Афзоиши ҳаҷми ихроҷ дар зан пеш аз алоқаи ҷинсӣ, ҳангоми алоқаи ҷинсӣ ва баъд аз он як раванди табиист, зеро аз ҳаяҷон гардиши хун зиёд шуда, миқдори ихроҷҳо зиёд мешавад. Хавфноктарин ихроҷи маҳбалӣ зард ва сабз аст, ки дар аксари мавридҳо бо сироят алоқаманд аст. Илтиҳоб метавонад ба холигоҳи бачадон, найчаҳои фаллопӣ ва тухмдонҳо паҳн шавад ва боиси заҳролудшавии хун, пайдоиши спайкаҳо ва безурётӣ гардад.
Саломат бошед!