Ассалом Меҳрона!
Тағйироти каме дар фарорасии ҳайз муқаррарӣ аст, аммо танҳо агар таъхир на бештар аз 5-7 рӯз бошад. Сикли муқаррарии ҳайз аз 21 то 35 рӯз давом мекунад. Шарт нест, ки ҳайз дар ҳамон рӯзи ҳар моҳ рух диҳад. Тағйирёбии давомнокии давра, яъне фарқи байни кӯтоҳтарин ва дарозтарин давра аз синну соли зан ва бемориҳои ҳамроҳ вобаста аст.
Саломат бошед!