Оиди бемориҳои занона
Меҳрона
20.11.2023
Салом агар дар маҳбал бо пой зани парда дарида мешавад йо бо даст метавон пардаро даронд.Сузоки дер дер як моҳ пас ду моҳ пас аз чи сабаб бошад?
Ассалом Меҳрона!
Дар ҳолатҳое, ки Шумо зикр кардед, пардаи бакоратӣ метавонад дарида шавад. Ҷавоби дақиқтарро танҳо ҳангоми муоина додан мумкин аст.
Сабабҳои асосии сузок (цистит) дар занон:
- истифодаи маҳсулоти гигиении санҷиданашуда;
- катетеризатсияи дарозмуддати масона;
- сироятҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда (ИППП);
- диабети қанд, фарбеҳӣ ва фосилаҳои сирояти музмин дар бадан;
- риоя накардани гигиенаи шахсӣ;
- гипотермияи бадан ва ғайра;
Саломат бошед!
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо