Ассалом Сабоҳат!
Пас аз исқоти ҳамл, то барқарор шудани сатҳи гормоналӣ, аксар вақт вайроншавии ҳайз ба амал меояд.
Барои муолиҷаи дуруст, Шумо бояд ба духтури занона муроҷиат кунед, то аз муоинаи пурраи гинекологӣ аз ҷониби духтур гузаред. Шумо бояд ташхиси ултрасадои бачадонро анҷом диҳед ва муайян кунед, ки оё дар холигоҳи бачадон боқимондаҳои тухми ҷанин вуҷуд доранд.
Саломат бошед!