Ассалом Аниса!
Синдроми пеш аз ҳайз (предменструальный синдром) маҷмӯи аломатҳои патологӣ мебошад, ки зуҳуроти гуногуни психоэмотсионалӣ, соматовегетативӣ ва метаболикӣ-эндокриниро дар бар мегирад, ки тақрибан 14 рӯз пеш аз фарорасии ҳайз давом мекунад ва дар рӯзҳои аввали он аз байн меравад. Вобаста аз он, ки кадом нишонаҳо дар зуҳури синдроми пеш аз ҳайз бартарӣ доранд, шаклҳои зерини он фарқ мекунанд:
Шакли варамӣ (отечная форма) - бо варами рӯй, пойҳо, ангуштон ва афзоиши вазн ба он хос аст. Зуҳуроти эҳтимолӣ фарогирии ғадудҳои ширӣ, арақ, хориш ва ихтилоли функсионалии рӯдаҳо (қабзият, дарунравӣ, афзоиши газҳо) мебошанд. Ҳамаи ин нишонаҳо дар оғози ҳайз аз байн мераванд ва хеле кам ба ёрии тиббӣ ниёз доранд.
Шакли сефалгикӣ (цефалгическая форма) - бо дарди шадиди сар, аксар вақт якҷониба, пулсатсиякунанда, бо ҳаракат шадидтар мешавад. Чунин дард бо асабоният, зиёд шудани ҳассосият ба бӯйҳо, хашмгинӣ, дилбеҳузурӣ, дарди дил ҳамроҳӣ мекунад. Шакли сефалгикӣ дар заноне, ки осеби мағзи сар ё нейроинфексия доранд, инчунин онҳое, ки аз гипертонияи артериалӣ ва дигар бемориҳои дилу рагҳо азоб мекашанд, пайдо мешавад.
Шакли бӯҳронӣ (кризовая форма) - бо бартарии бӯҳронҳои симпатоадреналӣ (чизе ба ҳамлаҳои воҳима монанд аст), ки бо баланд шудани фишори хун, баланд шудани суръати дил ва дарди дил бидуни тағирот дар ЭКГ тавсиф мешавад. Чунин ҳамлаҳо метавонанд боиси зиёд шудани пешоб шаванд.
Шакли нейропсихикӣ (нейропсихическая форма) як қатор аломатҳоро дар бар мегирад, ки зан одатан ба онҳо аҳамият намедиҳад. Онҳо мунтазам пеш аз фарорасии ҳайз пайдо мешаванд ва барои машварат ба духтури асаб сабаб мешаванд: асабоният, ашковарӣ, бехобӣ, хашмгинӣ, афсурдагӣ, хастагӣ, фикрҳои худкушӣ ва галлютсинатсияҳои гуногун.
Шакли ғайриоддӣ (атипичная форма) - нодир буда, зери пардаи дигар бемориҳо – астмаи бронхиалӣ, гингивити захми ё стоматит, иридосиклит, миокардиопатия мегузарад.
Барои гирифтани табобати дуруст, Шумо бояд ба духтури занона (гинеколог) муроҷиат кунед, ва аз муоинаи пурраи гинекологӣ гузаред.
Саломат бошед!