Ассалом Сабоҳат!
Барои он ки пас аз бачапартоӣ ҳомиладор нашавед, доруҳои зидди ҳомиладориро (конрасептивҳо) истифода бурдан лозим аст. Воситаҳои контрасептивӣ барои ҳар як зан дар алоҳидагӣ мувофиқи тавсияи духтури занона (гинеколог) интихоб карда мешаванд ва дар марказҳои солимии репродуктивии ҷои истиқоматии шумо ройгон дода мешаванд. Барои пешгирии камхунӣ шумо бояд доруҳои дорои оҳанро истифода баред. Ба монанди: феррум-лек, ферроплект, тотема ва ғайра.
Саломат бошед!