Оиди бемориҳои занона
сабоҳат
27.09.2023
Салом. Савол: Метрагилро тамом кардам пагоҳ иқа хун омад ранге ки ҳайз шудам боз гумшуд бояд чикор кан даркор дигар хунобча то ҳайз шуданма на очд хун дигар ягом илоҷ дорад ё неМа кудакамро 16 буд ғалтондам бо 23 рафта атсос кардам аз 1 руз дигар хун бисёр нарафт фақад хуновча тамом.
Ассалом Сабоҳат!
Давомнокии ихроҷи хунолуд пас аз бачапартоӣ одатан тақрибан як ҳафта давом мекунанд, аммо баъзан метавонанд то 2-3 ҳафта давом кунанд. Агар ихроҷи хунолуд зиёда аз 3 ҳафта давом кунад ё шиддат гирад ё дарди поёни шикам пайдо шавад, тавсия дода мешавад, ки ба духтури занона (гинеколог) муроҷиат кунед.
Саломат бошед!
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо