Ассалом Сабоҳат!
Метрогил дорои таъсири антибактериалӣ, антипротозойӣ (трихомонасидҳо). Нитрогурӯҳи метронидазол дар микроорганизмҳои анаэробӣ ва протозойҳо барқарор карда, бо ДНК-и ҳуҷайраҳои микроорганизмҳо ҳамкорӣ карда, синтези кислотаҳои нуклеини онҳоро бозмедорад, ки боиси марги бактерияҳо мегардад. Ба Шумо Метрогилро барои пешгирии илтиҳоб дар бачадон таъин кардаанд. Барои барқарор кардани микрофлораи рӯда, шумо метавонед капсулаи Аципол-ро (2 бор дар як рӯз, дар давоми 10 рӯз) қабул кунед.
Саломат бошед!