Ассалом Ёсмин!
Сабабҳои дард ҳангоми ҳайз - истеҳсоли простагландинҳо - моддаҳои липид, ки барои кашиши бачадон ҳангоми ҳайз масъуланд, зиёд мешавад. Миқдори аз ҳад зиёд боиси кашишҳои сахти бачадон мегардад, ки боиси дард мегардад. Ҳангоми ҳайз доруҳои таскини дард (обезболивающие) истеъмол кардан мумкин аст. Барои сабук кардани дарди ҳайз, вояи зерини яккаратаи доруҳо тавсия дода мешавад: парацетамол - 325-500 мг (на бештар аз 3-4 г), ибупрофен - 200 мг (на бештар аз 800-1200 мг).
Дар хотир доштан муҳим аст, ки ҳар як бадан инфиродӣ аст, аз ин рӯ, пеш аз истифодаи ягон восита ё усул, шумо бояд ба духтури занона муроҷиат кунед ва аз муоинаи пурраи гинекологӣ гузаред.
Саломат бошед!