Ассалом алейкум!
Сабаби пайдоиши ин ҳолат метавонад ба таври нопурра канда шудани пардаи бакоратӣ ва мавҷудияти раванди илтиҳобӣ бошад. Сабаби дигари дард метавонад сохтори анатомии узвҳои таносул бошад. Баъзе занон маҳбали тангтар ё гарданаки бачадон амиқтар доранд, ки ҳангоми алоқаи ҷинсӣ боиси нороҳатӣ ва ҳатто дард мегардад. Дар ҳар сурат, агар дард ё нороҳатӣ доимӣ ё шадид бошад, тавсия медиҳам, ки барои муайян кардани сабабҳо ва гирифтани ёрии тиббӣ ба духтури занона муроҷиат кунед.
Саломат бошед!