Ассалом Зайнаб!
Алоқаи ҷинсӣ ҳангоми ҳомиладорӣ манъ нест. Аммо шароитҳое вуҷуд доранд, ки дар онҳо аз алоқаи ҷинсӣ даст кашидан лозим аст, масалан: паст ҷойгиршавии машима; хавфи исқоти ҳамл; дарди шикам ва хунравӣ. Дар ҳар сурат, ин барои ҳар як зан инфиродӣ аст, бинобар ин шумо бояд аз муоина гузаред ва таҳти назорати духтури занона бошед.
Саломат бошед!