Ассалом Саёра!
Агар эякулятсия дар наздикии узвҳои ҷинсии берунии духтар ба амал ояд, якчанд сперматозоидҳои «фаъол» метавонанд ба маҳбал ворид шаванд.
Ҳамин тавр, бакорат, яъне мавҷудияти пардаи бакоратӣ, эҳтимоли ҳомиладориро истисно намекунад. Инчунин пардаи бакоратӣ аз бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда ва сироятҳои узвҳои таносул муҳофизат намекунад. Агар шумо дар бораи ҳомиладорӣ ва таъхири ҳайз шубҳа дошта бошед, шумо бояд ба духтури занона (гинеколог) муроҷиат кунед.
Саломат бошед!