Ассалом Саёра!
Пардаи бакоратӣ метавонад дар давраи ҳомиладорӣ ва пас аз таваллуд шакли худро тағир диҳад. Ҳангоми ҳомиладорӣ пардаи бакоратӣ ғафс мешавад, зеро он бо гликоген пур мешавад. Ҳангоми таваллуд, пардаи бакорат метавонад канда шавад, вакте ки сараки тифл аз роҳҳои валодат мегузарад. Баъзан худи табибон ҳангоми таваллуд пардаи бакоратиро бурида метавонанд, то ба таваллуд халал нарасонад. Тавсия дода намешавад, ки худсарона исқоти ҳамл анҷом диҳед. Мушкилотҳои ҷиддӣ метавонанд ба амал оянд, то безурётӣ, боқимондаҳои тухми ҷанин ва хунравӣ.
Саломат бошед!