Ассалом Собира!
Дарди миён ҳангоми ҳомиладорӣ бо сабабҳои гуногун рух медиҳад. Пеш аз хама Шумо бояд духтури занонаро (гинекологро) дар бораи пайдоиши дард огоҳ кунед.
Сутунмӯҳра дар занон ҳангоми ҳомиладорӣ фишори зиёдро аз сар мегузаронад. Дарди ба истилоҳ физиологӣ метавонад дар охири ҳомиладорӣ бо тағирёбии маркази вазнинии бадан, аз ҳад зиёди мушакҳои камар ва фишурдани узвҳо аз ҷониби васеъшавии бачадон ба амал ояд.
Саломат бошед!