Ассалом Шамина!
Одатан ба бадан 2-3 моҳ лозим аст, барои барқарор кардани заминаи гормоналӣ пас аз бачапартоӣ. Чун қоида, давраи дуюми пас аз бачапартоӣ ҳамон тавре мешавад, ки пеш аз ҳомиладорӣ буд ва овулятсия аллакай рух медиҳад. Агар сикли ҳайзи шумо баъд аз 3моҳ беҳтар нашавад, пас шумо бояд аз муоинаи пурраи гинекологӣ гузаред.
Саломат бошед!