Ассалом Сироджиддин!
Миома (лейомиома, фибромиома) як варами (омоси) хубест (доброкачественная опухоль), ки аз гормон вобаста аст. Инкишофи миома, чун қоида, суст аст: як ҳуҷайраи мушакҳо бо сабабҳои номаълум ба ҷудо шудан сар карда, ҳуҷайраҳои мушакҳои варамро ба вуҷуд меорад, ки дар бачадон гиреҳ - миомаҳоро ташкил медиҳанд.
Якчанд сабабҳое мавҷуданд, ки ба рушди миомаи бачадон мусоидат мекунанд, аз ҷумла:
Табобати миомаи бачадон аз синну соли зан, андозаи миомаи бачадон ва нақшаи репродуктивии зан вобаста аст. Дар баъзе мавридҳо, табобати миомаи бачадон бо ёрии доруҳои гормоналӣ сурат мегирад, дар дигар ҳолатҳо, дахолати ҷарроҳӣ зарур аст (бардоштани омос(миома) - миомэктомия, хориҷ кардани бачадон - гистерэктомия ва ғайра). Табобати консервативии миомаи бачадон дар мавриди миомаи хурд (то 12 хафта), суръати сусти афзоиши миома имконпазир аст.
Саломат бошед!