Ассалом Аслия!
Гипертрофияи (васеъ шудан)-и лаби хурдӣ таносул беморӣ ё нуқсон набуда, балки хусусияти инфиродии сохтории бадан мебошад, ки дар он лаби хурди таносул аз лабхои калон берун баромада, бо кашиши паҳлӯӣ 4 сантиметр ва бештар аз он дарозӣ дорад. Ин маълумот метавонад вобаста ба хусусиятҳои шахсии ҳар як бемор фарқ кунад.
Қарор дар бораи коррексияи гипертрофияи лаби хурди таносулро худи зан дар асоси меъёрҳои зебоӣ ва ҷолибияти худ қабул мекунад. Лабиопластика - ҷарроҳии коррексияи гипертрофияи лабхои хурд яке аз самтҳои маъмултарини ҷарроҳии пластикии узвҳои таносули занон мебошад. Пеш аз ҷарроҳӣ машварат бо духтури занона (гинеколог) ва муоинаи пурраи гинекологӣ тавсия мешавад.
Саломат бошед!