Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Салом. Зани ман фарзанд таваллуд кард, баъди таваллуд кардан қариб муддати 4 сол мешавад, ки хоҳиши алоқаи ҷинсӣ кардан надорад. Ду бор ба духтури гинеколог табобат кардам натиҷа нашуд. Чӣ кор кунам? Маслиҳат медодед. Шумо худатон қабул мекунед барам пешатон ё ягон маслиҳат медодед илтимос?

Ассалом! Ду гурӯҳи сабабҳо вуҷуд доранд, ки метавонанд пас аз таваллуд кам шудани хоҳиши ҷинсӣ дар занро ба вуҷуд оранд:

  1. Физиологӣ - тағироти гормоналӣ дар бадан вобаста ба ҳомиладорӣ ва синамаконӣ. Ба ин гурӯҳ инчунин баъзе бемориҳо дохил мешаванд, ки аксар вақт дар давраи баъди таваллуд инкишоф меёбанд - вагинизм, кандидози маҳбалӣ, колпит.
  2. Психологӣ - муносибати душвор бо шарик (шавҳар), норозӣ аз симои худ, депрессияи баъди таваллуд, нигаронӣ дар бораи саломатии кӯдак.

Баъзан хоҳиши ҷинсӣ ҳангоми қабули контрасептивҳои гормоналӣ ва/ё антидепрессантҳо метавонад коҳиш ёбад.

Саломат бошед!


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.