Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Салом. Кесерево шудаги, ҳозир спайки дорам, агар дубора ҳомиладор шавам спайки нороҳатам намекунад ё ин ки читавр ин спайки шудаги чойхоя табобат кардан мумкин? Ман духтарча дорам барои писарчадор шудан аз руи календар истифода кардан мумкин аст? Чи бояд кард писардор шавам?

Ассалом!

Ҳангоми ба нақша гирифтани ҳомиладорӣ аз муоинаи гинекологӣ гузаштан лозим аст. Агар дар айни замон ин зарур бошад, пас табобати илтиҳоб (спайки) дар коси хурд лозим мешавад. Пас аз муоина, духтур метавонад барои шумо табобати зидди илтиҳобӣ ва табобати ҷаббида

(спаечный процесс) таъин кунад.

Шумо метавонед тақвимҳоро (календарь) барои писардор шудан истифода баред, аммо онҳо ба шумо 100% кафолат намедиҳанд.

Барои писардоршудан тавсия дода мешавад, ки бевосита дар рӯзи овулятсия алоқаи ҷинсӣ дошта бошед. Ва пеш аз ин, беҳтар аст, ки чанд рӯз аз алоқаи ҷинсӣ худдорӣ кунед.

Саломат бошед!


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.