Ассалом!
Дарди поёни шикам метавонад бо сабабҳои гуногун (эндометриоз, ҳайз, бемориҳои илтиҳобӣ, кистаҳо ва ғайра) ба вуҷуд ояд, барои интихоби усули оптималии табобат ҳамеша аввал сабаби аслии дардро муайян кардан лозим аст. Худтабобаткунӣ барои чунин дард хилофи аст.
Усули мувофиқтарини табобати дардро танҳо духтури занона (гинеколог) пас аз муоинаи пурраи бемор ва муайян кардани сабаби дард интихоб карда метавонад. Ҳар як беморӣ табобати бодиққат ва муносибати комплексиро талаб мекунад.
Саломат бошед!