Ассалом!
Метеоризми маҳбал дар вақти алоқа бештар зуҳур мешавад ва бо физиологияи мустақим алоқаманд аст. Механизми таъсири ихроҷи ҳаво аз ҷониби анатомияи узвҳои коси хурд муайян карда мешавад. Дар лаҳзаи ҳаяҷон дар минтақаи гарданаки бачадон, васеъшавии муайяне ба амал меояд, ки ҳаво ҳангоми алоқаи ҷинсӣ ворид мешавад. Ташхиси дифференсиалӣ зарур аст, зеро аз даст додани чандирии мушакҳои маҳбал ва набудани кашиши ковокҳо ҳам аломати бемории муайян ва ҳам мушкилоти мустақил мебошанд. Духтури занона сабабҳоро муайян мекунанд ва ба табобати патологияи аслӣ, ки ошкор ва тасдиқ шудааст, идома медиҳанд ва инчунин усулҳои таъсиррасониро барои мустаҳкам кардани деворҳои маҳбал, баланд бардоштани оҳанги мушакҳо истифода мебаранд:
• Яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти метеоризми маҳбал машқҳои Кегел, гимнастика дар хона аз рӯи алгоритми тавсиякардаи мутахассисон мебошад;
• Духтури занона (гинеколог) инчунин табобати плазма барои пайдоиши боди маҳбал - усули сӯзандоруро мегузаронанд, ки барои барқарорсозӣ, навсозии бофтаҳо, ҷавонсозии маҳаллӣ тавассути ҷорӣ намудани плазмаи ғанишудаи худ васеъ истифода мешавад;
• Усули дигари замонавӣ ҷавонсозии лазерии (лазерное омоложение влагалища) маҳбал аст, ки он барои беэътибории пешоб, кам шудани фаъолияти ҷинсӣ ва ҳассосият, дар сурати мушкилоти зиёди дигар дар гинекология низ татбиқ мешавад!
Саломат бошед!