Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Ассалом алейкум. Аввало раҳмат барои чунин барномаҳоятон, баъдан саволи ман ба шумо оид ба синаи занона мебошад. Зане, ки ҳоло шавҳар накардааст, як синнаш хурд яктои дигар калон аст, яъне чаппаш калон аст, ва як парраш (тарафи таги каш) гоҳ гоҳ дард мекунад. Сабабаш дар чӣ бошад илтимос бисёр зарур аст. Пешаки 1000 раҳмат.

Ассалом алейкум! Пеш аз хама дар ин ҳолат ба Шумо машварати духтури  маммолог лозим мебошад. Вай муоинаи ибтидоиро бо пальпатсия мегузаронад, дар сурати инҳироф, ташхиси иловагӣ таъин мекунад - маммография, ултрасадо, MРТ, КТ; дар баъзе ҳолатҳо - ташхиси гистологӣ. Дар асоси натиҷаҳои муоина, маммолог метавонад шуморо ба эндокринолог, ҷарроҳ, гинеколог, мутахассиси маҳдуд фиристад. Дар байни сабабҳои бадастомада инҳоянд: мастопатия; омосҳои сина; бемориҳои гинекологӣ; ҷароҳати қафаси сина; фаъолияти ҷисмонӣ ва ғайра.

Бо эҳтиром, Вероника Мелникова.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.