Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Салом. Ман зани ҳомила ҳастам. 10 ҳафтаина ҳомиладорам. Як моҳ сулфа дорам, кадом намуд дору истифода кардан мумкин аст?

Ассалом алейкум!

Дар ин вақт дар ҳомила системаи асаб ва рагҳо ташаккул меёбад ва ҳар гуна сироят ба ҳомила таъсири бад мерасонад.Илова ба доруҳои: зидди сулфаҳо ва балғамҳо, ба занони ҳомила тавсия дода мешавад, ки ғулӯ-биниро ғар-ғара кунанд.Занони ҳомила метавонанд барои сулфа ва дарди гулӯ лозенгҳо (леденцы) бигиранд, доруҳои маҳаллиро (спрей) бо таъсири зиддиилтиҳобӣ ё зиддимикробӣ истифода баранд.Ингалятсия бо небулайзер барои беҳтар шудани секретсия ва ихроҷи балғам мусоидат мекунад (набояд дар ҳарорати баланд истифода шавад).Намӣ дар ҳуҷра бояд 65-70% бошад. Ин дарачаи намнокӣ барои организм хушк шудани пардаи луобпардаро пешгирӣ мекунад ва суръати инкишофи микроорганизмҳоро паст мекунад. Тозакунии тар хатари тамос бо аллергенҳоро коҳиш медиҳад (гардчаҳо, чанг, мӯйҳои ҳайвонот). Ҳуҷра бояд мунтазам вентилятсия карда шавад, на камтар аз ду маротиба дар як рӯз. Ҳавои тоза консентратсияи вирусро дар ҳаво кам мекунад. Ҳарорат дар ҳуҷра тавсия дода мешавад, ки дар 22-25 дараҷа нигоҳ дошта шавад.

Худатонро эҳтиёт кунед!

Бо эҳтиром,

Вероника Мелникова.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.