Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Салом. 1) Герпеси гениталӣ ва сузок чӣ зарар доранд барои занҳо дорад? 2) Духтари ҷавон бок адом саба сузок пайдо мекунад, ва ин беморӣ зарар дорад? 3) Дар давоми 3 руз дар лабҳои маҳбалам доначаҳо баромаданд, зардча шуданд, ва вақте ки мешуям ё ин ки дору мекунам сурхча мешаванд ва месузанд. Ман боқира мебошам. Ин аз чӣ сабаб бошад?

Салом.

1) Герпеси узвҳои таносул як бемории музмини такроршавандаи этиологияи вирусӣ буда, асосан тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқол меёбад. Герпес як бемории хеле маъмули эрозивӣ ва захми узвҳои таносул ҳисобида мешавад.

Мушкилоти беморӣ:

  • Аз сабаби паст шудани иммунитети маҳаллӣ, флораи шартан патогенӣ ба таври фаъол афзоиш меёбад, ки ба тағирёбии микрофлораи узвҳои таносул ва рушди дисбиоз оварда мерасонад.
  • Дастрасӣ ба сирояти дуюмдараҷаи бактериявӣ.
  • Дар сурати набудани табобати мувофиқ, бемориҳои музмини илтиҳобии системаи таносул метавонад инкишоф ёбад, ки дар навбати худ боиси ташаккули раванди илтиёмӣ мегардад, ки ба безурётӣ оварда мерасонад.

Сузок ба гурӯҳи бемориҳои классиқӣ таалуқ дорад, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд (бемориҳои узвҳои таносул). Барангезанда – гонококк (Neisseria gonorrhoeae). Ҳангоми ин беморӣ осебёбии роҳи пешобронӣ (уретра), рострӯда, ҳалқ, гарданаи баччадон ва чашм аз эҳтимол дур нест.

Аломатҳои сузок дар занон:

  • тарашшӯҳи сафеду зардчатоб аз маҳбал;
  • дарднокӣ ҳангоми пешобронӣ;
  • хунравӣ дар фосилаи ҳайзҳо;
  • дард дар зери шикам.

2) Сироятшавӣ аз сӯзок. Дар аксарият ҳолатҳо сироятшавӣ аз сӯзок ҳангоми алоқаҳои ҷинсӣ ба маҳбал ва рострӯда ба вуҷуд меояд. Эҳтимоли сироятшавӣ ҳангоми алоқаи даҳонӣ низ вуҷуд дорад. Ҳангоми гузариш аз роҳҳои наслӣ эҳтимоли сироятшавии навзод бо инкишофи конъюнктивити гонококкӣ вуҷуд дорад. Сироятшавии маишӣ аз эҳтимол дур аст. Зеро гонококк берун аз организми инсон зуд нобуд мешавад; барои сироятшавӣ зурур аст, ки ба организм миқдори кифояи гонококкҳо роҳ ёбанд. Тарзи маишии сироятшавӣ роҳ ёфтани миқдори кифояи гонококкҳоро таъмин намесозад. Бинобар ин, нишастгоҳи халоҷо (унитаз), ҳавзҳои оббозӣ, ҳаммом, зарфҳои таоми умумӣ ва сачоқу дастмолҳо сабаби сироят шуда наметавонанд.

Эҳтимоли сироятшавӣ ҳангоми алоқаи ҷинсии муҳофизанашуда (вагиналӣ, аналӣ) бо шахси гирифтори бемории сузок тақрибан 50% ташкил мекунад. Ҳангоми алоқаи ҷинсии даҳонӣ эҳтимоли сироятшавӣ пасттар мебошад. Бо дарназардошти паҳншавии фарингити бе аломат дар байни фоҳишаҳо, алоқаи ҷинсии бидуни рифоларо бо фоҳиша бехатар ҳисобидан мумкин нест. Сузок ба бакорат таъсир намерасонад, аммо боиси безурётӣ дар занон мегардад.

3) Эҳтимоли зиёд ин зуҳури герпеси узвҳои таносул аст, Шумо бояд аз муоинаи гинекологӣ гузаред, то Шумо табобати дурустро гиред.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.