Ассалом Мухаммад!
Одатан, сикли ҳайз бояд як маротиба дар як моҳ бошад, ки 3-7 рӯз давом мекунад. Сабаби вайроншавии сикли муътадил метавонад нокомии гормоналӣ бошад. Нокомии гормоналӣ баъзан боиси пайдо шудани полипҳо ва омосҳои нахдор дар бачадон мегардад. Онҳо, дар навбати худ, метавонанд хунравии байни ҳайзро ба вуҷуд оранд.
Илова бар ин, давраҳои моҳона ду маротиба дар як моҳ метавонад аз сабаби мавҷудияти сироятҳо ба монанди вагинози бактериявӣ ва трихомониаз бошад.Барои дарёфти сабаб аз муоинаи пурраи гинекологӣ гузаштан лозим аст.