Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Салом Апаҷон. Ман дар бораи эрозия савол дода будам, раҳмати калон барои посухатон. Апаҷон ман баъди сузондани эрозия дигар мушкилӣ надорам, ман баъди таваллуд кардани якум фарзандам пайдо шуд, дуюм фарзандамро кардам боз пайдо мешавад ё не? Баъд сабабаш дар чӣ бошад? Ман дер дер моҳона мешавам, ду моҳ ё се моҳ табобат кардам бисёр нағз нашуд. Раҳмати калон Апаҷон, ки саволҳои манро ҷавоб гардонидед. Аллоҳ нигаҳбонатон.

Ассалом Мавлуда!

Эрозияи гарданаки бачадон метавонад бо як қатор сабабҳо рух диҳад:

-сироятҳои узвҳои таносул ба монанди хламидиоз, уреаплазма, вируси герпес ва ғайра;

-осеби бачадон ҳангоми дахолати ҷарроҳӣ, исқоти ҳамли сершумор;

-осеби кимиёвӣ ва контрасептивҳои монеа;

-зуд-зуд иваз кардани шарикон;

-кам шудани функсияҳои муҳофизатии системаи иммунӣ.

Азбаски ҳомиладорӣ ва таваллуд сабаби эрозияи гарданаки бачадон нест, пас аз 2 таваллуд эрозия пайдо намешавад.

Сабабҳои вайроншавии ҳайз метавонанд бошад: - бемориҳои занона, ихтилоли гормоналӣ,

-стресс, тағйирёбии иқлим, хӯроки нодуруст, тағйироти гормоналӣ дар бадан, давраи баъди таваллуд. Табобат дар давоми 2-3 моҳ кофӣ нест, шояд табобати дарозмуддат лозим шавад. Оё Шумо аз муоинаи пурраи гинекологӣ гузаштед?

Бо эҳтиром,

Вероника Мелникова.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.