Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Ман тули се сол мешавад, ки аз бемории сузоки бачадон пешобдон ва миён азият мекашам, яъне ҳамаҷо ба сузишу хориш медарояд. Сабабаш дар чӣ аст? Пешакӣ ташакури зиёд.

Ассалом алейкум!

Сузоки бачадон, маҳбал, пешобдон ва миён –  ин беморӣ нест, балки танҳо як аломатест, ки вайроншавии мушаххасро дар бадан нишон медиҳад.Сабабҳои зиёде барои рушд вуҷуд доранд, аз ин рӯ, пеш аз оғози табобат, Шумо бояд аз муоинаи ҳамаҷониба гузаред, ки барои муайян кардани сабабҳои беморӣ ва интиҳоби самараноктарин табобат кӯмак мекунад.Масалан, чунин сабабҳо вуҷуд дошта метавонанд:

1.Сироятҳои бактериявӣ: кандидоз, вагиноз.

2.Сироятҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда: трихомониаз, хламидиоз, герпеси узвҳои таносул.

3. Равандҳои илтиҳобӣ дар узвҳои коси хурд: сервисит, аднексит, эндометрит, эрозияи гарданаки бачадон.

4. Хассосиёт ба либоси таг, маҳсулоти гигиенӣ, доруҳои назорати таваллуд, ғизо.

5. Риоя накардан гигиенаи узвхои таносул.

6. Норасоии гормоналӣ.

7. Омилҳои беруна: пӯшидани либоси таги пастсифат ё танг, стресс, фишори асаб.

Илова ба сабабҳои асосӣ, хориши маҳбал аксар вақт дар заноне пайдо мешавад, ки диабети қанд доранд ё бо системаи эндокринӣ мушкилот доранд.

Аз ин рӯ, барои муайян кардани ташхиси дуруст Шумо бояд аз муоинаи пурраи гинекологӣ гузаред.

Бо эҳтиром,

Вероника Мелникова.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.