Ассалом алейкум!
Аменорея – мавҷуд набудани ҳайзбинӣ дар муддати 6 моҳ ва бештар аз он аст. Аменорея аломати бемориҳо ва алоими зиёди гинекологӣ мебошад. Аменореяи физиологӣ, патологӣ, ғайриҳақиқӣ ва табибзод (ятрогенӣ)-ро фарқ мекунад.
Аменореяи физиологӣ – мавҷуд набудани ҳайзбинӣ то давраи ба балоғатрасӣ, дар вақти ҳомиладорӣ, лактатсия ва постменопауза аст.
Аменореяи патологӣ– метавонад аввалин ва дуюмин бошад. Аменореяи аввалин – мавҷуд набудани ҳайзбинӣ пас аз 16-солагӣ, аменореяи дуюмин – мавҷуд набудани ҳайзбинӣ дар давоми 6 моҳ, дар занҳое ки қаблан ҳайзбинӣ доштанд.
Аменореяи ғайриҳақиқӣ (бардурӯғ) – мавҷуд набудани тарашшуҳоти хунӣ аз роҳҳои таносулӣ аз боиси вайроншавии бозгаштҷараёни он, бо сабаби атрезияи маҷрои гарданаӣ ё нуқсони инкишофи узвҳои ҷинсии занона, дар мавриде, ки фаъолияти тухмдонҳо вайрон нашудааст.
Аменореяи табибзод (ярогенӣ) метавонад бо қабули васоити доругӣ (агонистҳои гонадотропинҳо, доругиҳои антиэстрогенӣ) алоқаманд бошад.
Аломатҳои клиникӣ. Падидаҳои клиникии алоими тухмдонҳои поликистозӣ ҳипо-, опсо-, олиго- ва аменорея мебошанд. Вайроншавиҳои фолликулогенез ба инкишофёбии безурётии ановулятории аввалин ва дуюмин оварда мерасонад.
Муолиҷа. Пайдарҳамии тадбирҳои муолиҷавӣ дар беморони алоими тухмдонҳои поликистозидошта аз шикоятҳо, падидаҳои клиникӣ ва синну соли зан вобаста мебошад. Мақсади муолиҷа барқарорсозии функсияи ҳайзбинӣ ва дар як вақт наслофарӣ, пешгирии равандҳои ҳиперпластикӣ дар узвҳо - ҳадафҳо ва коррексияи маҷмӯи аломатҳои бартаридошта мебошад. Бо ин мақсад услубҳои ғайриҷарроҳӣ ва ҷарроҳии муолиҷаро истифода мебаранд.
Бо эҳтиром,
Вероника Мелникова