Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Узви таносул хориш мекунад, сурх шудааст. Чӣ хел беморӣ аст, роҳи табобаташ чӣ гуна аст? Намехоҳам пеши духтур равам. Ҷавоб диҳед, илтимос.

Ассалому алейкум!

Яке аз сабабҳои хориш, сурхшавӣ ва сӯхтан дар узви таносул ин вайроншавии микрофлораи маҳбал мебошад, ки бар зидди он бемориҳо, ба монанди вагинозҳои бактериявӣ, кандидоз ё гулӯла инкишоф меёбанд.

Бо вуҷуди ин, хашмгинии узвҳои таносули берунӣ на ҳамеша аломати бемории ҷиддӣ аст. Риоя накардани оддии қоидаҳои гигиенӣ метавонад боиси пайдоиши ин беморӣ гардад.

Либоси таги танги нодуруст интихобшуда аз матоъҳои ғайритабиӣ низ метавонад боиси нороҳатӣ дар узвҳои таносул гардад. Матоъҳои сунъӣ наметавонанд оксигенро гузаронанд ва эффекти "гармхона" ба вуҷуд оранд, ки барои ҳама бактерияҳои зараровар муҳити мусоид аст. Аз ин рӯ, Шумо бояд барои муоинаи пурраи гинекологӣ ба духтури занона (гинеколог) муроҷиат кунед.

Бо эҳтиром,

Вероника Мелникова


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.