Оиди бемориҳои занона
Нигора
04.03.2022
Салом ман 21 солаам. Ба шавҳар баромаданамро 1 солу 6 моҳ мешавад. 8 моҳ мешавад,ки касалии занона нашудам. Ба духтури гинеколог бисёр муроҷиат кардам вале касал нашудам. 1 моҳ мешавад, ки аз таблеткаи регулон истифода мебарам, тамом шуд, боз касал нашудам сабабаш дар чист?
Ассалом алейкум!
Сабабҳои бемории Шумо зиёданд, яке аз онҳо ихтилоли гормоналӣ дар системаи репродуктивии шумост. Табобат муддати тӯлонӣ мегирад, дар 1 моҳи гирифтани Регулон мушкилот ҳал намешавад. Сабр кунед ва ба духтури баландихтисос муроҷиат кунед.
Бо эҳтиром,
Вероника Мелникова.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо