Салом алейкум!
Ин саволи инфиродӣ аст, зеро пас аз алоқаи аввал метавонад хун набошад. Дар инҷо сабабҳои зиёд метавонанд вуҷуд дошта бошанд - пардаи хеле васеъшаванда, набудани модарзодии он, сӯрохи аввалаи калон дар пардаи бакорат (девственная плева), хусусиятҳои ҷойгиршавии рагҳои хунгузар ва ғайра.
Ҳамин тариқ, мавҷуд будан ё набудани хун пас аз алоқаи ҷинсии аввал аз иффати духтар шаҳодат намедиҳад.
Барои маслиҳат ва муоина ба духтури занона муроҷиат кунед.
Бо эҳтиром,
Вероника Мелникова.