Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Салом кистаи Фоликуряри чихел беморист? Табобатшаванда аст ё не? Сабабаш чӣ мешавад?

Ассалом алейкум!

Кистаи тухмдони фолликулярӣ ташаккули табиати нек ва намуди функсионалӣ мебошад.

Он вақте пайдо мешавад, ки ҷараёни овулятсия дар як давраи муайяни ҳайз вайрон мешавад.Киста масонаест, ки андозааш 30-50 мм буда, аз он тухм саривақт берун наомадааст. Кистаҳои фолликулярӣ табобат намешаванд, агар онҳо хурд бошанд ва беморро ба ташвиш наандозанд. Дар ин ҳолат, духтур метавонад тактикаи интизорӣ истифода барад, зеро аксар вақт чунин ташаккул дар тӯли якчанд давраҳо худ аз байн меравад. Агар он кам нашавад ё афзоишро идома диҳад, ба бемор контрасептивҳои оралӣ (даҳонӣ), витаминҳо, доруҳои зидди илтиҳобӣ таъин карда мешавад.Барои муайян кардани табобат, Шумо бояд аз муоинаи клинико-лабораторӣ гузаред. Ба духтури занона (гинеколог) муроҷиат кунед.

Бо эҳтиром,

Вероника Мелникова.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.