Оиди бемориҳои занона
Мурод
15.06.2021
Салом. Чаро вақти касали моҳонаи духтар омадааст, аммо касал намешавад? Сабабаш дар чист? Ташаккур барои ҷавобатон.
Ассалом алейкум!
Сабабҳои таъхири ҳайз (задержка менструации):
- Ҳомиладорӣ.
- Хастагии бадан бо сабаби парҳез.
- Стресс.
- Қувваи аз ҳад зиёди ҷисмонӣ.
- Тағири шароити иқлимӣ.
- Исқоти ҳамл.
- Бемориҳои репродуктивӣ: сироятӣ, гормоналӣ, гинекологӣ ва ғайра.
Барои муайян кардани ташхиси дуруст, ба Шумо лозим аст, ки ба духтури занона (акушер-гинеколог) муроҷиат кунед ва таҳлилҳои заруриро гузаронед.
Бо эҳтиром,
Вероника Мелникова.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо