Оиди бемориҳои занона
Мавлуда
15.06.2021
Салом. Ман аз вақти духтариам дер-дер мохона мешудам. Баъди шавҳар карданам сари як солагии туям писардор шудам. Дигар ҳомиладор нашуда истодаам. Писарам 3-сола мебошад биср табобат кардам, намедонам аз чӣ сабаб бошад ҳомила намешавам. Ҷавоб диҳед, илтимос.
Ассалом алейкум!
Дар айни замон, Шумо бояд аз муоинаи пурраи гинекологӣ ва клинико-лабораторӣ гузаред, то сабаби безурётиро пайдо кунед.
Сабабҳои безурётии дуюм чунинанд:
- Синну сол. Ҳосилхезии ("ҳосилхезӣ" -фертильность) зан пас аз 30 солагӣ коҳиш меёбад ва алалхусус якбора - пас аз 35 сол.
- Гормонҳо. Мушкилотҳои ғадуди сипаршакл аксар вақт сабаби безурётӣ мебошанд. Ҳамин тариқ, ҳангоми гиперфунксияи ғадуди сипаршакл истеҳсоли гормонҳои гипофиз кам мешавад, ки ба мунтазамии давраи ҳайз таъсир мерасонад. Ва ин боиси бемориҳо (эндометриоз, миомаи бачадон) мегардад. Ба қобилияти ҳомиладорӣ инчунин гипофунксияи ғадуди сипаршакл таъсир мерасонад, зеро он ба афзоиши истеҳсоли гормонҳои гипофиз оварда мерасонад, ки метавонад тавлиди гормонҳои тухмдонро пахш кунад.
- Бемориҳои занона. Миомаи бачадон, бемории тухмдонҳои поликистозӣ, бемориҳои илтиҳобии бачадон, маҳбал, найчаҳои бачадон ва тухмдон бояд фавран табобат карда шаванд. Яке аз сабабҳои бастани найчаҳои бачадон эндометриоз мебошад.
- Исқоти ҳамл ва дигар осебҳои бачадон. "Тозакунӣ" ба ковокии бачадон осеб мерасонад - баъзан тамоми қабати эндометрияро берун мекунанд. Тухм метавонад пухта ва бордор шавад, аммо чизе надорад, ки ба он часпида шавад. Амалиёт дар ковокии бачадон низ хатарнок аст. Онҳо ба синехияҳо, полипҳо оварда мерасонанд, ки ба бордоршави таъсири манфӣ мерасонанд.
- Номувофиқии биологӣ. Ин ҳолат барои табибон асроромез аст, агар зану шавҳар фарзанддор шаванд ва дигаре наметавонад ҳомила шавад.
- Тарзи зиндагӣ. Ғизои нодуруст, одатҳои бад - ҳамаи ин ба безурётӣ табдил меёбад.
Бо эҳтиром,
Вероника Мелникова.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо