Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Салом алейкум. 1.Оё бо занам алоқаи ҷинсӣ вақти муайан дорад? 2.Барои чӣ ду маротиба занамро фарзандаш ғалтид. 3.Чӣ гуна ҳомиладор кардан мумкин аст? Ҳаракат мекунам, аммо пас аз ҳомиладор шудан 2 моҳ мегузарад ва кӯдак меғалтад. 4.Оё простатит барои фарзанддор шудан ягон хатар дорад?

Ассалом алейкум!

  1. Не, барои ин вақти мушаххасе нест.
  2. Барои муайян кардани сабаби бачапартоии ҳамсаратон, ҳардуи шумо бояд аз ташхиси пурра гузаред.
  3. Барои ин, шумо бояд сабаби бачапартоиро муайян кунед.

Сабабҳои исқоти барвақт:

  • бемориҳои сироятӣ ва вирусӣ (сурхча, хламидия, ситомегаловирус ва ғайра);
  • патологияи гинекологӣ;
  • норасоии прогестерон, зиёд будани андрогенҳо;
  • мутатсияҳои генетикии ҳомила;
  • муноқишаи резус;
  • стресси эмотсионалӣ;
  • омилҳои ҷисмонӣ (афтидан, зарба задан ба меъда, ҷаҳидан).

4. Простатит як илтиҳоби ғадуди простата мебошад. Шаклҳои беморӣ зиёданд, аммо аксар вақт шаклҳои шадид ва музмин. Ҳар қадаре ки бемор ба духтур муроҷиат накунад, дар сохтори ғадуди простата тағироти бештар ба амал омада, эҳтимолияти илтиҳоби шадид ҳамон қадар зиёд мешавад. Тағироти бебозгашт пайдо мешаванд, ба монанди калтситҳо, фиброз, яъне ихтилолҳое, ки дар оянда барои терапия қобили қабул нестанд. Ин тағиротҳо метавонад боиси безурётӣ гардад.

Аломатҳои простатит дар мардон: дард дар ғадуди простата, зуд-зуд пешоб кардан, бад шудани сифати ҳаёти ҷинсӣ нишонаҳои асосии простатит дар мардон мебошанд, ки бояд фавран табобат карда шаванд. Сипас ташвишҳо ва нороҳатӣ ҳангоми пешоб, шабона "рафтан" ба ҳоҷатхона ба амал меоянд. Басомади муносибатҳои ҷинсӣ камтар мешавад, мушкилот бо “эрексия” пайдо мешаванд. Мушкилот, ба монанди: визикулит, эпидидимит ё безуриётии пурра нишонаҳои простатитҳои сироятӣ дар мардон мебошанд, ки табобати онҳо танҳо дар марҳилаҳои аввал самаранок буда метавонад.

Бо эҳтиром,

Вероника Мелникова.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.